Санаи 31-уми майи соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва барномаҳои «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва ташкилоти олмонии CARITAS дар мавзӯи «Иқдоми аввалини рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар вилояти Хатлон: проблемаҳо ва дурнамо» мизи мудаввар баргузор мегардад.
Тавре дар иттилоияи шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон зикр мегардад, ҳадаф аз чорабинии мазкур баланд кардани огоҳии секторҳои давлативу ғайридавлатӣ ва академӣ оид ба масоили инклюзивӣ ва нақши ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ дар пешбурди сиёсати таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир) мебошад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҷараёни мизи мудаввар имкониятҳои воқеии рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар вилояти Хатлон, таъмини дастрасӣ ба муассисаҳои таҳсилотӣ, хизматрасонии ҷамъиятӣ, дастрасии психологиву тиббӣ ва педагогӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд тавассути омода кардани муаллимону мутахассисон, таҳияи базаи методӣ ва афзун кардани огоҳии аҳолӣ дар ин масъала баррасӣ мешаванд.
Ба мизи мудаввар 40 нафар намояндаҳои мақомоти худидораи маҳаллӣ, ТҒД-ҳои маҳаллӣ, шӯъбаҳои ноҳиявии маориф ва Идораи маорифи вилояти Хатлон, донишгоҳҳои давлатии Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, маркази захиравии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва шӯрои коршиносони департаменти таҳсилоти ИҶК-БМТ даъват шудаанд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста