Намояндагии Институти бритонии инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон ба баргузории медиа-мактаб оид ба рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад.
Дар доираи ин медиа-мактаб бо 15 нафар журналистони ҷавони шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд ва Душанбе оид ба тарзҳои муосири ҷамъоварии маълумоту коркарди он ва дурнамои ворид шудани онҳо ба шабакаи байнулмилалии журналистон – муҳаққиқони SCOOP машғулиятҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.
Омӯзиш дар ду давра сурат мегирад. Давраи аввал (5-9-уми июн) аз тренинги фаъоли панҷрӯза иборат аст. Давраи дуюм пас аз се моҳ доир гардида, ду рӯз идома меёбад.
Барои панҷ нафар иштирокчиёни бештар фаъоли тренинг барои тақвияти малакаҳои амалии таҳқиқотӣ дар дафтари украинии SCOOP таҷрибаомӯзии дуҳафтаина пешбинӣ шудааст.
Дар муддати ҳашт моҳ иштирокдорони лоиҳа доир ба мушкилоти бештар доғи ҷомеаи муосири Тоҷикистон на камтар аз 12 таҳқиқоти журналистӣ доир намуда, сипас ин мавод дар нашриёти чопиву электронии маҳаллӣ ва тарҷумаашон бо забонҳои русиву англисӣ дар ВАО-и байнулмилалӣ ба чоп мерасанд.
Лоиҳаи «Лабораторияи таҳқиқоти журналистӣ» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста