Мактаби минтақавии ҳуқуқи ВАО барои ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва донишҷӯёни солҳои болои факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бори дуюм дар Душанбе ба шакли давраи омӯзишии дарозмуддат аз 6 то 10 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадади Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Институти ҳуқуқи ВАУ –и Украина амалӣ мешавад. Мактаби минтақавии ҳуқуқи ВАУ аз ҷониби барномаҳои ВАО, Иттилоотӣ ва Ҳуқуқии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадади Тоҷикистон ва Барномаҳои ВАО- и «Бунёди Сорос» - и Қазоқистону Қирғизистон дастгирӣ шудааст.
Давраи омӯзишии мазкур чунин мавзӯҳои мубрамро мисли риояи озодии сухан ва иттилоот, ҳимояи шаъну шараф ва обрӯи касбӣ, ҳифзи фаъолияти ВАО, масоили ҳуқуқии телевизиону радио ва ғайраро дарбар мегирад. Инчунин дар асоси тавсияҳои ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО –и ватанӣ бахши алоҳидаи Мактаб ба кушишҳои танзими Интернет дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бахшида мешавад. Махсусиятҳои ҳуқуқи ВАО – и се мамлакатро коршиносони соҳа муаррифӣ мекунанд.
Мавзӯи омӯзондани ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО яке аз мавзӯҳои доғи тахассусии имрӯза аст. Ягон донишгоҳи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО-ро тарбия намекунад. Аз ин рӯ барномаи ВАО – и ИҶК БМ дар ҳамдастӣ бо дигар барномаҳои Бунёд ҳуқуқшиносонро ба Мактаби ҳарсолаи ҳуқуқи ВАО, ки дар Киев баргузор мегардад, фиристода, дар омода кардани гурӯҳи мутахассисони ин соҳа саҳм мегузорад. Соли 2010 ИҶК БМ Тоҷикистон ва Институти Ҳуқуқи ВАУ барои нахустин бор давраи омӯзишии махсусро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда, ба он намояндагони мамлакатҳои ҳамсояро низ даъват намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста