Дар шабакаи иҷтимоии Facebook таҳти унвони Muftitj Saidmukarram сафҳаи сохтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода пайдо шуд.
Айни замон ба истилоҳ «муфтӣ» дар ин саҳифа 100 нафар дӯстон дорад. Котиби матбуотии Маркази исломии Тоҷикистон Атовулло Қосимов тасдиқ кард, ки ин саҳифа ба раиси Шӯрои уламо тааллуқ надорад.
Молики ин сафҳа мусулмонони Тоҷикистонро ба шиаву суннӣ ҷудо намуда, бо ифтихор изҳор мекунад, ки дар мурофиаи судӣ аз болои рӯҳонии маъруфи дигар – Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ғолиб омадааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз болои раиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурданд. Даъвогарон муфтиро ба туҳмат ва сохтакории изҳороти Шӯрои уламо, ки моҳи декабри соли гузашта дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ қироат карда шуд, муттаҳам карданд. Дар изҳорот оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди оилавиашон гунаҳкор карда шуда буданд.
Бародарон Тӯраҷонзодаҳо гуфтанд, бо ин амал муфтӣ онҳоро ба ҷонибдорӣ ба мазҳаби шиа ва канорагирӣ аз мазҳаби ҳанафӣ гунаҳкор намуд. Банди дуюми даъвои бародарон дар он ифода меёфт, ки изҳороти интишоршудаи Шӯрои уламо гӯё дар Шӯро баррасӣ ва қабул нашудааст.
Ҳамчунин дар саҳифаи «муфтӣ» сабти пӯшидаи видеоии ҷаласаи судии 16-уми феврал гузошта шудааст. Бо такя ба сабти мазкур, метавон гуфт, ки он на аз ҷониби ҷойи нишасти ҷонибдорони муфтӣ наворбардорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, А.Қосимов мегӯяд, ӯ тасаввуроте надорад, ки ин саҳифа аз куҷо ва аз ҷониби кӣ созмон дода шудааст. «Мо аз ин бехабарем ва фаҳмидан ҳам ғайриимкон аст. Муфтӣ ҳам дӯсту душман дорад», - афзуд Қосимов.
Қобили зикр аст, ки имрӯз рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва чанде аз аҳзоби дигар дар Facebook саҳифаҳои худро боз кардаанд.
Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон дар Тоҷикистон 32 ҳазору 700 нафар аз шабакаи иҷтимоии Facebook истифода мебаранд, ки 0,44% аз миқдори умумии аҳолӣ ё худ 4,67% аз шумори умумии корбарони Интернет дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста