Ҷопон дар таъмиру барқарор кардани як мактаб дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ кӯмак кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхони Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифттоҳи мактаби №11 дар деҳаи Шаймаки ноҳияи Мурғоб сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши, муовини аввали раиси ВМКБ Исрор Исроров, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Ҷошбаев ва ҳамоҳангсози ACTED дар Мурғоб Суюнбек Тоҷиддинов иштирок карданд.
Лоиҳаи таъмиру барқарорсозии мактаб ба маблағи умумии 85 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар доираи кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти башарӣ барои қишри аъзами аҳолӣ сармоягузорӣ шуд.
«Деҳаи Шаймак бо 730 нафар аҳолӣ дар минтақаи кӯҳистон, наздикии марзи Тоҷикистону Чин ва Тоҷикистону Афғонистон воқеъ буда, дар мактаби маҳаллӣ ҳудуди 120 нафар толибилмон таҳсил мекунанд. Нисфе аз толибилмон дар хобгоҳи назди мактаб шабро рӯз менамуданд, зеро падару модарони онҳо шабонарӯзӣ дар чарогоҳҳо буданд. Соли 2006 офати табиӣ ба бинои асосии мактаб осеби зиёд расонида, идомаи таҳсил дар бинои мактабро ғайриимкон кард. Акнун хобгоҳ ба сифати синфхонаҳо истифода мегардид», - гуфтанд дар сафорат.
Бинои нави мактаб бо шумули ду ҳуҷраҳои маъмурӣ ва шаш синф, ки аз ҷониби ACTED бо дастгирии гранти Ҷопон сохта шуданд, майдони 383 метри мураббаъро дарбар мегирад. «Дар бинои мактаби нав барои таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам буда, акнун бинои хобгоҳ аз рӯйи таъинот истифода мешавад», - афзуд манбаъ.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста