Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов ва сардабири ҳафтавори «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов, ки ахири ҳафтаи гузашта дар доираи маъракаи таблиғотии ҳизб миёни муҳоҷирон ба Русия сафар карда буданд, дар шаҳри Маскав аз намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия боздид намуданд.

Тавре хадамоти матбуоти намояндагии мазкур иттилоъ медиҳад, дар мулоқот бо кормандони намояндагӣ А.Латифов дар бораи фаъолияти ҲХДТ ва саҳми он дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар ва кор бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик маълумот дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ роҳбари намояндагӣ Асрор Одинаев меҳмононро бо вазъи муҳоҷират дар Русия ва самтҳои асосии фаъолияти намояндагӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ошно намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин нақшаҳои минбаъда ҷиҳати кор бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баррасӣ шуданд.

Худи ҳамон рӯз Асрор Латифов ва Асрор Одинаев ҷиҳати шиносоии наздик бо вазъи муҳоҷирони кории тоҷик ба вилояти Твер сафар карданд. Дар ин ҷо бо фаъолони ташкилоти ҷамъиятии диаспораи тоҷикон дар вилояти Твер таҳти сарварии Муқим Майбалиев вохӯрӣ доир гардид.

Ёдрас мекунем, ки ҳадафи аслии сафари муовини раиси ҲХДТ ба Русия шиносоии наздик бо мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва таблиғи афкору мақсадҳои ҳизб миёни онҳост. Сафар то 16-уми июн идома меёбад.