Дар Тоҷикистон аз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо истифодаи меҳнати кӯдакон таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат имрӯз дар боғи 800-солагии Маскави пойтахт таҳти унвони «Ба хотири ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ меҳнати кӯдаконаро аз байн мебарем» аксия-консерт доир мегардад.

Тавре дар иттилоияи Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи кӯдакон» гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдакон», Созмони байнулмилалии меҳнат, мақомоти шаҳрдории Душанбе, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дастгирии радиои «Азия-Плюс», Мегафон Тоҷикистон, ТҶ «Насли наврас», ТВ «Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ «Баҳористон», ширкати телевизионии «Мир» ва ҶДММ «Чархи гардун» созмон дода мешавад.

Дар доираи чорабинӣ маросими тақдими тӯҳфаҳо аз ширкати Мегафон-Тоҷикистон, наомишгоҳи расмҳо аз ҷониби ТҶ «Насли наврас» ва барономаи консертиву фароғатӣ баргузор мешавад.

Аз замони мавриди амал қарор гирифтани Конвенсияи Созмони байнулмилалии меҳнат «Дар бораи аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» бисёр кӯдакони машғули кор дастгирӣ шудаанд. Тибқи маълумоти ахир, шумори кӯдакони машғули кор дар саросари ҷаҳон 215 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 115 млн. нафари онҳо дар шароитҳои хатарнок кор мекунанд.