Б. Зуҳуров сабаби қатъи дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс»-ро шарҳ дод
10:05, 13 июн, 2012Муаллиф: Asia-Plus
Сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона роҳ додан ба нашри шарҳу андешаҳои иғвобарангези корбарони торнамо унвон шудааст.
Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» — Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба идораи хабаргузории «Азия-Плюс» қарор дар бораи қатъи дастрасӣ ба торнамои медиа-холдинг (www.news.tj (www.asiaplus.tj)-ро шифоҳӣ шарҳу тавзеҳ дод.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз ба ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон)-и интернети кишвар бо мазмуни «бо сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» қатъ кардани дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ мактуб расидааст. Нимаи дуюми рӯз чанде аз фароҳамсозони интернет ин талаби Хадамоти алоқаро ба иҷро расониданд.
Тавре ба масъулони торнамои «Азия-Плюс» сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров хабар дод, сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона роҳ додан ба нашри шарҳу андешаҳои иғвобарангези корбарони торнамо будааст.
Ба гуфтаи ӯ, як қатор шарҳу андешаҳои корбарони сомона дар поварақи хабару мақолаҳо аз туҳмату таҳқир ба унвони мансабдорони баландпояи ҷумҳурӣ иборат будаанд.
Идораи хабаргузорӣ ба гирифтани як шарҳ, ки ба андешаи сардори Хадамоти алоқа мухолифи қонунгузорӣ аст, тасмим гирифт ва дар навбати худ, Бег Зуҳуров ваъда дод, ки ояндаи наздик мушкилоти дастрасӣ ба сомонаи хабаргузорӣ ҳал мешавад.
Идораи хабаргузорӣ нома ба 14 ширкатҳои фароҳамсози интернет дар бораи қатъи дастрасӣ ба торнамои медиа-холдингро дар ихтиёр дорад, вале бинобар муҳри махфият доштани мактуб, онро дар торнамо интишор карда наметавонад.
Ани замон идораи хабаргузорӣ барои ҷойгир кардани маводи иттилотии худ аз прокси-сомонаҳо низ истифода мекунад.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста