Ҳафтаи гузашта аъзои гурӯҳи ҳамкории граждании назди сафорати ИМА системаи обтаъминкунии навро барои сокинони Сари-Чашма ва деҳаҳои ҳамсоя расман супориданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, соли 2010 обхезии бениҳоят зараровар системаи обтаъминкунии ҷамоати Сари-Чашмаи ноҳияи Шӯроободро, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда буд, хароб кард. Дар натиҷа сокинони ин маҳал бе системаи обтаъминкунӣ монда буданд.
Ба иттилои манбаъ, низоми нави обтаъминкунӣ, ки аз системаи обтозакунии регию сангӣ иборат буда, қобилияти хлоркуниро дорост, метавонад аз нав ба 6 ҳазор нафар сокинони ҷамоати Сари-Чашма оби тозаро таъмин кунад, ки он ба андозаи хело калон метавонад касалиҳои бо воситаи об паҳншавандаро кам карда, ҳолати саломатии аҳолиро хубтар намояд.
«Сохтмони ин системаи обтаъминкунӣ натичаи кори вазнину фидокорона ва ҳамкории сокинони Сари-Чашма ва сафорати ИМА мебошад», - гуфт аъзои гурӯҳи ҳамкории гражданӣ ҷаноби Девин Конли. Лоиҳаи мазкур яке аз воситаҳоест, ки Вазорати Мудофиаи ИМА ва сафорати ИМА роҳандозӣ мекунанд, то ки ба сатҳи сифати некӯаҳволии мардуми тоҷик беҳбудӣ бахшанд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста