Ҳеҷ кадоме аз зиёда аз 600 иншооти баргузории маросими динӣ дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб аз рӯйи ягон навъ бима (суғурта) нашудаанд.
Роҳбари филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Нуриддин Абдуллоев зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳангоми муроҷиат ба масоҷид ва дигар иншооти баргузории маросими динӣ дар бораи бастани қарордоди бима як сабаб пеш оварда мешавад, ки он ҳам камбуди маблағ аст.
Ба қавли ӯ, аҳолӣ низ ба бимаи манзили зисти худ шитоб надорад ва барои намуна аз вазъи обхезии ду сол қабл дар Кӯлоб ёдовар шуд.
«Ҳангоме ки садҳо манзилро сели пурдаҳшат хароб кард, маълум шуд, ки қариб ҳеҷ яке аз манзилҳо бима нашудааст ва мо наметавонистем талафоти манзили зисти осебдидагонро ҷуброн намоем», - иброз дошт вай ва афзуд, ки «Тоҷиксуғурта» аз ҳисоби маблағҳои худ барои аз офат осебдидагони Кӯлоб 12 адад манзили зист бунёд кард.
Н.Абуллоев бар ин назар аст, ки ба таҳдиди такрори сел низ аҳолӣ бепарво аст, зеро аз беш аз 130 ҳазор хонавода дар минтақа ҳамагӣ каме зиёдтар аз 12 ҳазор хонавода манзили худро бима кардаанд.
«Аз аҳолии 1 млн. нафараи минтақа ҳамагӣ 10% ба муомилоти бима ҷалб шудаанд, ки албатта, ин моро қаноатманд намесозад, вале дар нимсолаи аввали соли равон мо тамоми нақшаҳои пешбинишударо барзиёд иҷро намудем», - иброз дошт Н.Абдуллоев.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста