Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев аз вилояти Волгоград боздид намуда, бо шароити кор ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик аз наздик ошно гардид.
Бино ба маълумоти намояндагии мазкур, дар ҷараёни сафар А.Одинаев бо фаъолияти корхонаҳои бахши кишоварзии ин вилоят – ҶДММ «Агропрогресс» ва ҶДММ «Карповский», ки дар ин хоҷагиҳо 345 нафар муҳоҷирон аз вилояти Суғд кору зиндагӣ доранд, шинос шуд.
«Зимни мулоқот бо роҳбарони хоҷагиҳои мазкур масоили вазъи кор ва зиндагии муҳоҷирон, қонунӣ гардонидани будубоши онҳо дар қаламрави вилоят, мутобиқати иҷтимоии онҳо ба муҳити фарҳангии ҷомеаи Русия ва таҳкими ҳамкориҳо бо диаспораи тоҷикон баррасӣ шуданд», - гуфтанд дар намояндагӣ.
А.Одинаев ҳамчунин бо иҷрокунандаи вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Волгоград гуфтушунид анҷом дода, дар вохӯрӣ перомуни қаблан ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари намояндагӣ бо толибилмон (курсантҳо)-и тоҷик, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Волгоград таҳсил мекунанд, низ вохӯрӣ гузаронид. Айни замон дар ин Академия 43 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста