Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович аз қатъи дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» - www.news.tj изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки ба манъи дастрасӣ ба ин ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон хотима дода шавад.
Ёдрас мекунем, ки муддати зиёда аз як шабонарӯз дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон қатъ гардида буд. Имрӯз қисмате аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаро барқарор намуданд.
Дар изҳороти чанде қабл интишорнамудаи худ Дуня Миятович изҳор доштааст, ки ин тамоили шигифтангез аст, зеро бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон қатъ карда мешаванд.
«Мутобиқи уҳдадориҳо оид ба озодии ВАО, ки кишварҳои узви САҲА ба зимма доранд, шабакаи Интернет бояд сарчашмаи кушоди маълумот бошад. Ҳарчанд масоили таъмини амният муҳим бошанд ҳам, вале онҳо набояд ба ҷараёни пешниҳоди озоди маълумот монеъа эҷод созанд. Одамон барои гирифтани маълумот аз сарчашмаҳои гуногун ва васоити ахбори умум ба инъикоси рӯйдодҳо бояд имконият дошта бошанд», - гуфтааст Миятович.
Дар изҳороти намояндаи САҲА ҳамчунин гуфта мешавад, ҳукуматдорон бояд ба таъмини дастрасӣ ба интернет кафолат дода, ҳарчи зудтар маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи www.news.tj ва дигар торнамоҳоро бекор намоянд.
Дар посух ба изҳороти сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи таъсиси як комиссияи махсуси мониторинги маводи интернет, намояндаи САҲА изҳори умедворӣ намудааст, ки ин нақшаҳо ҳадафи полоиши (филтркунии) интернет-контентро дар пай нахоҳанд дошт.
«Дар мактуби худ аз 19-уми июл ба унвони вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ман изҳор кардам, ки намояндагии САҲА оид ба масоили озодии ВАО ба пешниҳоди ташхис оид ба ин масъала ва дигар масоили марбут ба озодии ВАО бо шумули Интернет омода аст», - зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста