Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 500 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қаламрави кишварро тарк карданд, ки аз ин шумор беш аз 446 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд.

Сардори Хадамоти матбуоти назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки дар нимсолаи аввал каме бештар аз 14 ҳазор нафар тоҷикистониён бо мақсади тиҷорат, 3,6 ҳазор нафар баҳри таҳсил, 5,1 ҳазор нафар ба сайёҳӣ, 26,7 ҳазор нафар бо корҳои шахсӣ ва беш аз 3,3 ҳазор нафар ба сафарҳои хидматӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.

«Миёни муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёркардагон 410 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёд аз 36 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввал беш аз 232 ҳазор нафар шаҳрвандон аз муҳоҷирати корӣ баргаштанд, ки ҳудуди 35 ҳазор нафарашон занон мебошанд», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти муҳоҷират таъкид кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон аз қаламрави Тоҷикистон 186 нафар муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ хориҷ карда шуданд.