Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, ки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим иштироки ӯро дар кори комиссияи баҳисобгирии шумори ҳалокшудагону ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта манъ кардааст.

«Раиси вилоят шахсан маро ба ҷаласаи комиссия роҳ надода, гуфт, ки иштироки ман дар он манъ аст, зерои ӯ чунин зарур мешуморад», - иттилоъ дод хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигорро ба ҳайати комиссяи худи сокинони маҳаллӣ интихоб карда буданд. «Сокинони маҳаллӣ шахсони боэътимодро ба ҳайати комиссия интихоб намуданд», - гуфт ӯ.

Бинобар сабаби дар кори комиссия иштирок карда натавонистани хабарнигор, ОИ «Азия-Плюс» дар бораи шумори ҳалокшудагону ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта маълумот дастрас карда наметавонад.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, дар рӯзи аввали кор комиссия аз 20 то 30 нафар афроди кушташударо муайян карда, дар бораи шумори ҷароҳатбардоштагон ҳатто тахминӣ хабар дода намешавад.

Дар шабакаи интернет рӯйхатҳои аввалини ҳалокшудагон интишор гардиданд, вале дар онҳо танҳо ном ва соли таваллуди ҳалокшудагон дарҷ ёфтааст.

Ҳарчанд шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи аз алоқа маҳрум бошанд ҳам, дар шабакаи интернет аксҳо ва наворҳои видеоии аввалин дар бораи рӯйдодҳои Хоруғ пайдо шуданд, ки тавассути телефонҳои мобилӣ аксу наворбардорӣ гардида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва порталҳои бузурги видеоӣ гузошта шудаанд.

Дар акс бинои оташгирифтаи мактаб-интернат дар Хоруғ.