Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои корпоратсияи бритониёии радиову телевизиони Би-Би-Сӣ ва шабакаи телевизионии «Вести»-и Русия қатъ карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамгари интернет дастрасӣ ба сомонаҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru низ қатъ гардидааст. Ба иттилои сарчашмаҳои гуногун, агентии «Озодагон» низ ба «рӯйхати сиёҳ» шомил гардидааст.

«Қарори мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумаи ҷумҳурӣ қабул шуд. Хабари қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои дар боло зикршуда ба таври шифоҳӣ рӯзҳои 28 ва 29-уми июл ба мо расид», - гуфтанд дар ширкатҳои фароҳамсози интернет.

Ҳамчунин намояндагони ин ширкатҳо мегӯянд, қариб ҳамарӯза аз ҷониби Хадамоти алоқа ба онҳо дар хусуси қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мерасад.

«Қариб ҳар рӯз мо аз Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мегирем ва ҳамаи хабарҳо бидуни шарҳи сабаб фиристода мешаванд», - мегӯянд намояндагони ширкатҳои зикршуда.