Чанде қабл дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев масоил ва мушкилоти сохтмони манзили зисти инфиродӣ дар пойтахт баррасӣ шуданд.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили вазъи корҳои сохтмони манзилҳои индивидуалӣ ва ҳолати таҳқиқу лоиҳакашии идомаи азхудкунии минтақаи Ховарон, пешгирии сохтмонҳои худсаронаву ғайриқонунӣ дар мавзеи мазкур, вазъи санитарию экологии шаҳр ва таъминот бо оби нӯшокӣ низ матраҳ шуданд.
«Ба масъалаи ҳолати иҷроиши қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2012 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Мутобиқи ин қарор ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти гов 29, гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, 1 л. равғани растанӣ то 8, як кг биринҷи ватанӣ то 7, як кг шакар то 5, 1 л. шир то 3, як кг картошка то 2, як кг сабзӣ то 2,2, як кг пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароварда шавад», - гуфт манбаъ.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста