Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон табдили муассисаҳои динии мавриди истифода қарорнадошта ба иншооти таъъиноти зербинои иҷтимоӣ ба итмом расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, шумори чунин иншоот дар ноҳияи мазкур 18 ададро ташкил додааст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дин ривоҷ ёфта, сокинони қариб тамоми маҳаллаҳо ва соҳибкорони алоҳида бидуни ба инобат гирифтани талабот ва ҳуҷҷатгузории зарурии расмӣ ибодатгоҳҳои зиёде бунёд намуданд.
«Вақте дар деҳот масҷидҳои ҷавобгӯ ба тамоми талаботи маросимҳои динӣ пайо шуданд, аксари ин ибодатгоҳҳҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ партофта шуданд», - изҳор дошт вай.
Ш.Абдулҳамидов мегӯяд, аксари сокинони деҳот худашон аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост кардаанд, ки ин ё он ибодатгоҳи бекорхобида ба бунгоҳи тиббӣ, китобҳона, мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ё дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ табдил дода шавад.
Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Темурмалик 44 адад масҷид ва дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 566 иншооти динӣ фаъолият доранд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста