Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ шурӯъ аз 1-уми август барои толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ  ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабиро доир менамояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ярмарка маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, аз қабили сарулибоси мактабӣ, маҳсулоти канселярӣ, китобу дафтар ва дигар асбобҳои хониш ба фурӯш бароварда мешаванд.

«Ярмарка ҳамарӯза аз соати 8 то 17 дар маркази тиҷоратии «Ёқут-2000» баргузор мешавад», - гуфт манбаъ.