Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба озодии мазҳаб дар ҷаҳон гуфта мешавад, сарфи назар аз ҷониби Сарқонуни Тоҷикистон ҳифз шудани озодии динӣ, дигар асноди қонунгузорӣ ва сиёсати роҳандозишуда дар кишвар ин озодиро маҳдуд месозанд.
Бино ба иттилои хабаргузории Ca-News бо истинод ба маълумоти Департаменти давлатии ИМА, ҳукумати Тоҷикистон як қатор аз ин маҳдудиятҳоро мавриди амал қарор дода, тамоили бад шудани риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии мазҳабро зоҳир намуд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки айни замон танҳо мардони калонсол барои ибодат ба масҷидҳо мераванд ва ба сабту фаъолияти як қатор муассисаҳои динӣ иҷозат дода нашуда, онҳо баста шудаанд.
«Ҳукумат то ҳанӯз аз баргузории расму оинҳо ва фаъолияти чанде аз гурӯҳҳо, ки ба эътиқоди ҳукуматдорон, афкору ғояҳои бегонаро таблиғ намуда, ба тартиботи ҷамъиятӣ халал эҷод месозанд, изҳори нигроанӣ менамояд, - гуфта мешавад дар гузориш. – Дар бораи суистеъмол ва поймол гардидани ҳуқуқҳо аз рӯйи нишонаи мазҳаб ва эътиқод хабарҳо мунташир гардида буданд. Чанде аз занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор ҳангоми қабул ба кор мавриди табъиз қарор гирифтаанд».
Бино ба маълумоти коршиносони маҳаллӣ, беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳад. Аксари аҳолӣ мусулмони равияи суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафия буда, тақрибан 4%-и мусулмонони равияи шиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқомат доранд. Дар кишвар ҳудуди 3366 масҷиди намози панҷгона ва 345 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ 75 созмонҳои динии ғайримусулмонӣ амал мекунанд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста