Дар бахши қонунгузории муҳоҷирати Русия шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон бештар ба қонуншиканӣ даст мезананд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як манбаъ аз Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)и Русия, шаҳрвандони ин кишвар дар маҷмӯъ 60%-и шумори қонуншиканони бахши қонунгузории муҳоҷирати Русияро ташкил медодаанд.

Ба иттилои РОСБАЛТ, аз 8-уми июн шумори шаҳрвандони хориҷие, ки қонунгузории муҳоҷирати Русияро риоя накардаанду вурудашон ба ин кишвар манъ аст, ба беш аз 100 ҳазор нафар расидааст. Ба иттилои манбаъ аз ХФМ, имрӯз аллакай зиёда аз 3 млн. шаҳрвандони хориҷие ошкор шудаанд, ки барои риоя накардани муҳлати будубош дар Русия (90 шабонарӯз), вурудашон ба ин кишвар манъ мешавад.

Қобили зкир аст, ки чанде қабл вакилони Думаи давлатии Русия Алексей Журавлев (Единая Россия) ва Сергей Жигарев (ЛДПР) пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба харидани «вексели муҳоҷиратӣ» ба маблағи 30 ҳазор рубли русӣ ӯҳдадор карда шаванд ва онро бояд шаҳрвандони кишварҳое дастрас кунанд, ки бо онҳо Русия реҷаи вуруду хурӯҷи бидуни раводид дорад. Бо ин вексел пардохти арзиши истирдоди муҳоҷир ба ватан пешбинӣ мешавад.