Имрӯз дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе дастаи ҳунармандони Сирки лилипутҳо (паканаҳо)-и шаҳри Маскав намоишномаи аввалини рангини худро пешкаши тамошобинон мекунад. Намоишнома соати 19:00 оғоз мегардад.  

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоҳиров хабар дод, сафари гурӯҳи ҳунармандони сирк ба Тоҷикистон то 14-уми июл идома ёфта, ба тамошобинони тоҷик онҳо барномаи рангини 2-соатаи иборат аз 11 саҳнаҳои ҳунариро пешкаш хоҳанд кард.

«Дар саҳнаҳои ҳунарӣ 29 нафар ҳунармандону 75 нафар ҳайвонҳои ромшуда, асосан ҳайвонҳои хонагӣ ва дар саҳнаҳои ҷудогона хирсҳои ҳимолойиву чанде аз навъҳои парандагон низ ҳунарнамойӣ мекунанд», - иброз дошт муовини директор.

Ба қавли ӯ, сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд аз саҳнаҳои рақси рӯйи ях бо велосипедҳо, табақҳои паранда, рақсҳо бо кабӯтарон ва дигар саҳнаҳои ҷолиб баҳра баранд.

«Бо назардошти ҷойи нишаст, арзиши билетҳо аз 20 то 50 сомониро ташкил дода, барнома ҳамарӯза, рӯзҳои корӣ – ду маротиба соатҳои 15 ва 19 ва рӯзҳои истроҳат - як маротиба соати 19-и шом намоиш дода мешавад», - афзуд номбурда.