Бори аввал дар Душанбе 21-уми июн зери осмони кушод филми ҳунарии  итолиёвии «Ҳаёт зебост» (La vita è bella)  ба намоиш гузошта шуд.

Барои тамошои ин филм, ки  бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъияитии «Пешрафт»   дар саҳни варзишгоҳи «Спитамен», собиқ «Спартак» манзури дӯустдорони синамо гардид, зиёда аз 100 нафар ҷамъ омаданд.

Чӣ тавре ки сарвари иҷроияи ин ташкилот Ситора Турсунова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт: «Маблағҳое, ки аз намоиши филм ва фурӯши  нӯшокиву шириниҳо ба даст омадаанд, ба корҳои хайр, яъне барои мадад ба муҳассилини мактаб-интернатҳо ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои махсуси кишвар сарф мегарданд».

Мӯътабар Раҳимова, ки ба майдони «Спитамен» бо аҳли оилааш омада буд, гуфт, ки аз тамошои филм зери осмони кушод хеле ҳаловат бурд. Ӯ қайд кард: «Фарзандонам ин шом ба ташкилоти «Пешрафт» довталабона мадади худро расонида истодаанд. Ва ман аз ин хеле хурсандам. Ба назарам, ин гуна ҳамоишҳои хайриявӣ бояд бештар созмон дода шаванд. Мо дар баробари вақти хешро бо аҳли оила хуш гузаронидан, боз кори нек ҳам мекунем. Хурсанд аз онем, ки саҳми худро дар ин кори хайр мегузорем».

Sohibnazar''s Slidely by Slidely - Slideshow videos

Фарҳод Назаров, сокини пойтахт дар бораи таассуроташ баъд аз тамошои филми мазкур  ба ОИ «Азия-Плюс» чунин нақл кард: «Филми воқеан ҳам таъсирбахш  буд. Дар он аз зиндагии халқи яҳуд, ки бисёр таҳқир мешуданд, нақл мерафт. Хеле саргузашти вазнин, вале аз як тараф филми мазҳакавӣ буд. Таассуротам аз тамошои он мусбат аст. Ин ҷо ҳама бо оилаҳои худ омадаанд, ки дар шаҳр чунин ҳамоиш кам ба назар мерасад. Агар боз чунин ҷамъомадро ташкил кунанд, меоем. Ба дигарон ҳам гуфтаниям, ки ҳатман ба чунин нишастҳо оянд».

Сарпарасти лоиҳа ҶДММ «Газпромнафт-Тоҷикистон» буда, п ӯшиши техникӣ бар ӯҳдаи кинотеатри «Ҷавонон» ва маркази фарҳангии Bactria вогузор шудааст ва астгирии иттилоотиро  радиои «Ватан» таъмин кардааст. 

Филми «Ҳаёт зебост» асари итолиёвист, ки дар жанри  трагикомедия соли 1997 ба навор гирифта шудааст. Роберто Бенини ва Николетта Браски дар он нақшҳои асосиро офаридаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ филми мазкур дар арсаи байнулмилалӣ шинохта шуда, дорои шоҳҷоизаҳои ҷашнвораҳои Канн ва Оскар гардидааст.