Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи "Вечерка" ва маркази фарҳангии "Аржанг" санаҳои 29 -30 июн аксияи автопробегии "Шоҳроҳи Ваҳдат" баргузор мегардад.

Бино ба иттили сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бори аввал баргузор шуда, иштирокчиёни он тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук интихоб шудаанд. Дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 130 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи мамлакат дастаҷамъона бо воситаи нақлиётҳои шахсӣ тариқи роҳи Душанбе - Чаноқ ба вилояти Суғд сафар менамоянд. Дар ноҳияи Шаҳристон ҷавонони вилояти Суғд иштирокчиёни аксияро истиқбол намуда, баъдан аз шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Қайроққум ва маҷмааи таърихии Қасри Арбоб дидан менамоянд. Ҳамчунин дар доираи аксия баргузории як дебат ва конференсия дар мавзӯи "Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон ва роҳҳои самаранок истифода бурдани он" дар назар аст.

Мақсад аз баргузор намудании аксияи мазкур тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, огоҳ будан аз ҷойҳои таърихии кишвар ва бо ин васила аз байн бурдани сарҳадҳо миёни минтақаҳои мамлакат, таъмини ваҳдати ягонаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Шарикони расмии аксияи автопробегии "Шоҳроҳи Ваҳдат" мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ мебошанд. Ширкати мобилии Тсеll ва Ширкати Фароз ба сифати сарпарастони расмӣ ширкат меварзанд.