Дар терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бунёди ҳуҷраи намозгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳандиси терминали нави фурудгоҳ Одил Бобоев ҳангоми боздид аз майдони сохтмони терминал дар ин робита изҳор намуд, ки чун ҳудуди 95%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд, тасмим гирифта шудааст, ки дар терминал ҳуҷраи намозгузорӣ бунёд гардад. «Дар ин ҳуҷра дар як вақт ҳудуди 35 нафар ибодат карда метавонанд», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки майдони умумии терминали нави фурудгоҳ 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар он 2 зинапояи телескопии дорои имкони хизматгузорӣ ба 4 ҳавопаймо ва 19 нуқтаи бақайдгирӣ гузошта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли гузашта ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.