Зимни мулоқоти имрӯзаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо вазири ҳифзи иҷтимоии Қирғизистон Худойберген Бозорбоев масоили роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва омодагии муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи ислоҳоти нафақаи нафақаи ҷараёндошта дар ҳарду кишвар табодули назар сурат гирифт.

«Дар бораи табодули таҷриба дар бахши масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, равандҳои ҷараёндошта дар бозорҳои меҳнат ва муҳоҷирати кишварҳо тавофуқ ҳосил шуд», - зикр карданд дар Вазорати меҳнат.