Зимни мулоқоти корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия бо муовини сардори Раёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни суди вилояти Новосибирск Анатолий Лебединский оид ба ҳолату шароитҳои ба ватан фиристодани шаҳрвандони тоҷик бо қарори суд табодули назар сурат гирифт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, барои ба ҳадди ниҳоӣ кам кардани муҳлати нигаҳдории муҳоҷирон дар тавқифгоҳи махсус, ҳамчунин имконоти шаҳрвандон бобати мустақилона пардохт намудани маблағи фиристодан ба ватанро низ мебояд ба инобат гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Раёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни суди вилояти Новосибирск низ баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонунгузории федералии Русия, дар ҳолати барои қонушикании будубош бо қарори суд аз қаламрави Русия ихроҷ шудани шаҳрванди хориҷӣ, муддати 10 рӯзи минбаъда ӯ ҳуқуқ дорад, ки аз болои ин қарор шикоят барад. Пас аз гузашти ин муҳлат то замони ба ватан фиристодан шаҳрванди хориҷӣ дар маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад. Маъмулан вобаста ба вазъ муҳлати нигаҳдорӣ метавонад як моҳ ё аз ин ҳам зиёдтар бошад.