- Сайёҳи рус Александр Берёзкин, ки санаи 1-уми август дар назди пиряхи Сурган (баландиаш 5 ҳазор метр) дар Тоҷикистон аз ронаш ҷароҳат гирифт, рӯзи якшанбе тариқи чархбол ба бемористони шаҳри Душанбе оварда шуд, - иттилоъ дод ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод.

Ба қавли ӯ, айни замон як гурӯҳи сайёҳони рус таҳти роҳбарии Алексей Соломонов дар кӯҳҳои Тоҷикистон қарор дошта, Берёзкин низ ба ҳайати ин гурӯҳ шомил будааст.

Эгамзод бо такя ба гуфтаҳои ҳамсари роҳбари гурӯҳ Анастасия Павлова иброз дошт, ки вақте бо Берёзкин ин ҳодисаи нохуш рух медиҳад, миёни ширкатҳои сайёҳиву суғуртаи Тоҷикистону Русия сари масъалаи ба дӯши кадоме аз онҳо вогузор будани масъулият баҳс сурат мегирад.

«Ба ҷабрдида бошад, кӯмаки тиббӣ ва интиқол ба Душанбе зарур буд. Дар робита ба ин ҳамсари роҳбари гурӯҳи сайёҳон ҷиҳати кӯмак ба сафоратхонаи ҶТ дар Русия муроҷиат кард», - зикр кард ӯ.

Эгамзод таъкид кард, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда барои кӯмак ба ҳалли ин масъала Павлова ба таври хаттӣ ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ муроҷиат кардааст.

Рӯзи якшанбе ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав бо мазмуни зайл аз Павлова нома расидааст: «Барои кӯмак ва дастгирӣ дар ин лаҳзаи душвор аз самими дил изҳори миннатдорӣ мекунам. Дархост мекунам, ки ба тамоми кормандони сафорат ва ВКХ Тоҷикистон миннатдории бепоёни маро расонед. Ба туфайли кӯмаки шумо, соати 5-и субҳи имрӯз як чархбол барои интиқоли Берёзкин сафарбар шуда, ӯро соати 9-и субҳ ба бемористони Душанбе расониданд. Бахусус мехоҳам саҳми шуморо таъкид кунам, суханони Шумо ба ман нерӯву илҳоми тоза бахшиданд».