Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасию натиҷагирӣ аз ҷараёну сифати корҳои сохтмон, азнавсозию таъмири роҳҳо баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев таваҷҷуҳи роҳбарони ташкилотҳои паймонкор ва ширкатҳоро ба сифати кор ва саривақт ба итмом расонидани онҳо ҷалб намуд. Айни замон дар 16 кӯчаҳои пойтахт корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо идома доранд.

«Дар ин робита раиси пойтахт ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе супориш дод, ки масъалаи истифодаи маблағҳои буҷетии барои таъмир ва азнавсозии роҳҳо ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҷудошуда мавриди санҷиш қарор дода шаванд», - зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт.