Анонс

- Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки аз 5 августи соли 2013 аккредитатсияи хабарнигорони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии кори Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар Душанбе сурат хоҳад гирифт, оғоз намуд.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7678 сомонӣ;

1 евро - 6.1259 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0.1486 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1945 – Амрикоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ афканданд.

1961 – Парвози дуюми инсон ба кайҳон. Кайҳоннавард Герман Титов дар муддати 25 соат 17 маротиба кураи Заминро давр зад.

2001 – Бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияти ҳизби сиёсии «Адолатхоҳ» қатъ гардид.

2003 – Пас аз таваққуфи дусола Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Қазоқистонро дубора аз сар гирифт.

2004 – Роҳбари АНМН Ғаффор Мирзоев ба ҳабс гирифта шуда, пас аз се рӯз Прокуратураи генералӣ ба ин иҷозатномаи расмӣ дод. Бо фармони президент ба вазифаи директори АНМН боз Рустам Назаров таъин карда шуд.

1815 – Зодрӯзи таърихшинос ва табиатшиноси рус Александр Миддендорф.

1859 – Мавлуди геолог ва географи рус, муҳақиқи Қаротегин ва Дарвоз Якрв Эдельштейн.

1941-2003 – Зодрӯзи оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Дамир Дӯстмуҳаммедов.

1952-2007 – Мавлуди журналист Имомназари Холназар.

1955 – Зодрӯзи журналист Ҷӯра Назрӣ.

1968 – Мавлуди рӯзноманигор Рустам Турсунов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +33+38.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +15+20, рӯзона +32+37;  дар шарқи вилоят шабона +6+11, рӯзона +21+26.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.