Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, узви КМИР ҶТ Акбаралӣ Сатторов бар ин назар аст, ки дар давраи баргузории маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон журналистон ба таъсиси мақоми махсуси ҳимоят аз ҳуқуқҳои худ ниёз надоранд.

«Мо аз таъсиси кадом як ситоде барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои журналистон дар ҷараёни баргузории маъракаи интихобот огаҳӣ пайдо намудем. Фикр мекунам, ки барои таъсиси чунин ситод ҳеҷ зарурате мавҷуд нест», - гуфт зимни мизи гирди имрӯза А.Сатторов.

Раиси Иттиҳоди журналистон чунин мешуморад, ки аз ҳуқуқи журналистон барои қабул ва паҳн кардани маълумот қонунгузориҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳимоят карда, журналистонро дар ин давра зарур аст, ки бо қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи интихобот ва таҷрибаи кишварҳои дигар дар баргузории чунин чорабиниҳо «мусаллаҳ» шаванд.

Ба андешаи А.Сатторов, миёни аъзои Комиссияи марказии интихобот ҳузур доштани раиси Иттиҳоди журналистон гувоҳи он аст, ки ҳукуматдорон нияти шаффоофона баргузор намудани интихоботро доранд. «Ман ҳамеша ҳамкоронамро ҳимоя мекунам ва минбаъд низ идома хоҳам дод», - афзуд номбурда.