Сафари раҳбарияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба минтақаҳои кишвар ба итмом расид.

Муовини раиси Кумитаи умури дин Мавлон Мухторов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳамроҳи раиси Кумитаи умури дин Абдураҳим Холиқов ва муовинони ӯ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ боздид намуда, бо аҳли ҷомеа вохӯриҳо баргузор карданд. Чунин вохӯрӣ имрӯз, 6-уми сентябр дар Душанбе низ доир мегардад.

«Дар вохӯриҳо бо аҳолӣ мо муҳтавои суханронии рӯзи 4-уми июли президенти мамлакат бо ходимони дин ва аҳли ҷомеаро шарҳу тавзеҳ додем. Аҳли ҷомеа сиёсати сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҷонибдори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ аст», - гуфт Мавлонов.

Ба қавли номбурда, зимни вохӯриҳо дархостҳое аз қабили ба масоили динӣ дахолат накардани аҳзоби сиёсӣ ва аз номи ҲНИТ хориҷ шудани вожаи «ислом» садо доданд.

Ёдрас мекунем, ки дар мулоқоти зикршудаи президент бо ходимони дин ва аҳли ҷомеа руҳониёни маъруфи ҷумҳурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки калимаи «ичлом» аз номи ҲНИТ хориҷ карда шавад, зеро дин ба ҳизб ниёз надорад. Аз 15 нафар имомхатибон панҷ нафар ин пешниҳодро ироа карда, аҳли толор онро бо кафкӯбиҳои бардавом дастгирӣ намуданд.

«Фаъолони ҲНИТ мегӯянд, ки агар касе аъзои ҳизби исломӣ набошад, ӯ мусулмон нест. Магар танҳо мансубият ба ин ҳизб то чӣ андоза мусулмон будани моро муайян мекунад? Ва умуман ҳизби сиёсӣ бояд на аз номи ислом масъалагузорӣ кунад, балки ба сиёсат машғул бошад», - изҳор дошта буданд ходимони дин.