Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён аз журналистон даъват кард, ки дар масъалаи инъикоси масоили марбут ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар кишвар ҷиддӣ муносибат кунанд.

«Чанд рӯз қабл дар хабари яке аз ВАО зикр гардид, ки гӯё КМИР барои ҷамъоварии рӯйхати аъзои аҳзоби сиёсии кишвар дастур додааст. Ман намефаҳмам, ки аз куҷо ин гуна маълумоти носаҳеҳ пайдо мешавад? Бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ба дӯши Вазорати адлия вогузор аст, на ба КМИР. Мо ҳуқуқ надорем, ки ба фаъолияти онҳо дахолат кунем. Аз ин рӯ, мардумро ба гумроҳӣ андохтан лозим нест. Мо хоҳиш дорем, ки пеш аз нашр саҳеҳии маълумоти марбут ба интихоботи қарибулвуқӯъ аз намояндагони КМИР пурсида шавад», - иброз дошт Шоҳиён зимни мизи гирди имрӯза барои намояндагони ВАО.

Ҳамчунин ӯ аз журналистон даъват кард, ки доир ба интихоботи президентӣ дар мамлакат ба ҷомеа маълумоти муфассал ва дақиқ пешниҳод карда шавад. «Журналистон уҳдадоранд, ки ба ҷомеа маълумоти воқеӣ ва саҳеҳро пешниҳод намоянд», - таъкид дошт раиси КМИР.

Шоҳиён ҳушдор дод, ки огаҳона паҳн кардани маводи пастзанадаи шаъну эътибори номзадҳо ба президент ва ҳамчунин танқиди беасоси барномаҳои пешазинтихоботии онҳо ба оқибатҳои ногувор боис шуда метавонад.

Ба қавли ӯ, маҳз бо сабаби муҳимияти масъалаи мазкур КМИР Дастур оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихоботи президенти ҶТ-ро таҳия ва пешкаш намуд.

«Дар ҷомеаи мо ба журналистон эътимоди қавӣ доранд. Он чизе, ки ВАО нашр мекунанд, аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ҳақиқати бебаҳс қабул мешавад. Аз ин рӯ, ВАО-ро лозим аст, ки аз боварии мардум суистеъмол накунанд», - гуфт Шоҳиён.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки «ҳамаи мо бояд фаъолиятамонро тарзе ба роҳ монем, ки интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар озодонаву шаффоф ва ба таври демократӣ баргузор шаванд».

Ёдрас мекунем, ки санаи 6-уми ноябри соли равон интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон доир мегардад.