Дар вилояти Суғд расман 10,9 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бекорони расман сабтшуда дар хадамоти Раёсати Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба ахири моҳи сентябр 10,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6% камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор шумори занони бекори расман сабтшуда ба 48,6% (5,3 ҳазор нафар), ҷавонон – 73% (8 ҳазор нафар) баробар буда, сатҳи бекории расмӣ 1,4% аз аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли вилоятро ташкил додаст.

Гуфта мешавад, 7,6 ҳазор (69,7%) нафарони чун бекор расман сабтшуда шахсоне мебошанд, ки сатҳи тахассуси касбӣ надоранд ва аз ин рӯ, кор ёфтани онҳо мушкил аст. Аз ин миқдор 3,9 ҳазор нафарашон (51,3%) хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ мебошанд.

Зикр мегардад, ки дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ хадамоти шуғл 3,9 ҳазор нафарро ба касбомӯзӣ сафарбар намудааст, ки дар қиёс бо ҳаиин давраи соли гузашта 49,4% зиёдтар аст. Ғайр аз ин, 1 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда ҷалб гардидаанд, ки нисбат ба соли пешин 12,1% камтар мебошад.

Дар ин давра 4,5 ҳазор нафар дар рухсатиҳои бемузд бо супориши маъмурияти корхона қарор дошта, 0,6 ҳазор нафар тибқи реҷаи ҳафтаи нопурраи корӣ ва рӯзи нопурраи корӣ фаъолият кардаанд.