Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои  фаврӣ  барои  осебдидагон  баргузор  кард.  Давраи омӯзишӣ аз  11  то 13 ноябри соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре аз намояндагии КБСС дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои  дувумин  бор  дар  Тоҷикистон  аст,  ки  омӯзиши  иқдомоти  фаврии  пизишкӣ барои  20  пизишки  бахши  фавриятӣ  баргузор  шуд. 

«Омӯзандагони  сатҳи  ҷаҳонӣ  аз КБСС,  ки  дар  арсаи  ироаи  кумакҳои  аввалия  тахассус доранд, дар бораи меъёрҳои равишҳои ташхис ва дармон барои беморон машғулиятҳо доир намуданд», - омадааст дар иттилоияи Кумита.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин омӯзиш коҳиши маргу мир бар асари як осеби умда аст. Баргузории ин омӯзиш бо мусоъидати созмонии фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоъӣ имконпазир шуд.

Ҷулӣ  Курӣ, намояндаи бахши беҳдошт  ва дармони КБСС гуфтааст: «Ҳадаф аз ин омӯзиш афзоишу  тақвияти  дониш  ва  маҳоратҳои  мутахассисон  аст,  ки  дар  бахши  кумакҳои фаврии пизишкӣ дар вилояти Суғд кор мекунанд.”

Зимнан зикр мегардад, ки барномаи  ин  давраи  омӯзишӣ  иборат  аст  аз  муҳимтарин  масоил  ва  ҷанбаҳои  ироаи кумакҳои фавр, бавижа дар шароити саҳрову майдон.