Дар ҷараёни вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон, ки аз 8 сентябр оғоз гардида, то 18 сентябр идома меёбанд, интихобкунандагон асосан ба масъалаҳои марбут ба болоравии музди меҳнату нафақа, стипендияву кумакпулиҳо ва ҳамчунин таъмини амният баъди ошӯби мусаллаҳонаи собиқ вазири мудофиаи Абдуҳалим Назарзода таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, вакилон ба интихобкунандагони худ шарҳ медиҳанд, ки вақте ҳукумат ва мардум ягонаанд, ҳеҷ касеву ҳеҷ чизе сулҳу созишро халалдор карда наметавонад.

«Дар робита ба масъалаи болоравии ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо вакилон таъкид месозанд, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир расонд, вале бо вуҷуди ин, дархости мазкур ба ҳукумат расонида мешавад», - гуфт манбаъ.

Зимнан таъкид шуд, ки аксари вакилон қайд мекунанд, ки масъалаи болоравии навбатии ҳаҷми музди меҳнату нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо бояд то ахири сол ҳал шавад.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии марҳилаи навбатии болоравии ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳо ва стипендияҳо аз 1 сентябри соли равон, ки дар паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр шуда буд, ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.

Дар  паёми худ ба парлумон  аз 23 январи соли равон президенти мамлакат  изҳор дошта буд , ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори ахир моҳи сентябри соли 2013 ҳаҷми маошу нафақа ва кумакпуливу стипендияҳо зиёд шуда буд.