Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дар пойтахти Тоҷикистон маркази тиббӣ ва ташхис кушоданд.
Аз Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар маросими ифтитоҳи маркази тиббиву ташхис дар шаҳри Душанбе муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи дипломатӣ дар ҷумҳурӣ Акбар Алӣ Песнани, директори минтақавии Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ Фотима Моҳбат Алӣ, директори иҷроияи ин хадамот дар Тоҷикистон Маҳбат Баҳромов ва ҳамчунин намояндагони миссияҳои дипломатӣ ва байнулмилалӣ ширкат доштанд.
Дар ин маросим Акбар Алӣ Песнани меҳмононро хайра мақдам гуфта, пурмаҳсул будани ҳамкорӣ миёни Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд ва Тоҷикистонро таъкид дошт ва барои дастгириву мусоидат дар бақайдгирии саривақтии маркази тиббии Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар Душанбе ба раҳбарият Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ миннатдорӣ изҳор кард.
Песнани қайд кард, ки «ин маркази нав саҳми мо ба роҳандозии ислоҳот дар бахши тандурустии Тоҷикистон аст, ки ба беҳтар шудани дастрасӣ, сифат, самаранокии хизматгузориҳои хушсифати ташхисӣ барои аҳолии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои гирду арофи он нигаронида шудааст».
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста