Анонс

- Дар Кохи миллати шаҳри Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад, ки дар кори он сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Беларус - Александр Лукашенко, Арманистон - Серж Саргсян ва Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев иштирок мекунанд. Оғози нишаст соати 11-00;

- Дар қароргоҳи ҳукумат дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.3766 сомонӣ;

1 евро – 7.2094 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1000 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ.

1878 – Экспедитсияи дӯстдорони табиат таҳти роҳбарии В.Ошанин яхпораи Федченко дар Помирро кашф намуд.

1950 – Таъсиси ноҳияи Москва (феълан Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон.

2006 — Тоҷикистон ҳиссаи саҳмияаш дар КМ «Комбинати маъдантозакунии Анзоб»-ро ба ширкати амрикоии «Comsar» фурӯхт.

2011 — Дар ҷануби Тоҷикистон сохтмони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 1 млн. тонна дар як сол оғоз гардид.

1914 – Зодрӯзи олими забоншинос, ҷанговари фронт, узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон Муллоҷон Фозилов.

1916-1993 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Яҳё Раҳимов.

1926 – Зодрӯзи олим Назар Раҳимов.

1926-2004 – Мавлуди иқтисодчии шоистаи Тоҷикистон Карим Шарифов.

1947 – Зодрӯзи нависанда Бароталӣ Абдураҳмонов.

1947-2003 – Мавлуди журналист Набиҷон Каримов.

1948-1992 – Зодрӯзи рӯзноманигор Раҳмат Зайдулло.

1960 – Мавлуди собиқ вазири ҳолатҳои фавқулода Мирзо Зиёев. Санаи 11-уми июли соли 2009 кушта шуд.

1967 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Хайриддин Идиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.