Моҳи августи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,8 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона расида, дар маҷмӯъ давоми 8 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 24,5 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии беш аз 10 ҳазор тонна аз 36 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Олмон - 34,7% рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии ин кумак ба Нидерланд – 13,7%, Дания – 8,2%, Аморати Муттаҳидаи Араб – 7,3%, Русия – 4,2%, Афғонистон ва Австрия – 3,8%-ӣ, Чин – 3,3%, Ҳиндустон – 3,1%, Латвия – 2,8%, Эрон – 2,2%, Кувайт – 2%, Фаронса – 1,7% ва Норвегия – 1,2% рост омада, боз 22 кишвари дигари дунё низ дар ин давра ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодаанд.