Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд 15 нафар бонувони ҳунарманд соҳиби гранти раиси шаҳр гаштанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, соли дуюм аст, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии духтарону бонувони ҳунарманд озмун барои гирифтани гранти раиси шаҳри Хуҷанд эълон мегардад.
Имсол низ барои 5 нафар занони адрасу атласбоф, заргару гулпарварва ва ҳунари кафшергар 5 ҳазор сомонӣ, барои 5 нафар сӯзанидӯзу қолинбоф 3 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин 5 нафар дӯзандаю кешбоф ва йӯрмадӯзу қуроқдӯз 3 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ дар ҳузури иштирокдорони ин ҳамоиш ба бонувони ҳунарманд диплом ва маблағҳои грантиро бо тантана супориданд.
Гуфта мешавад, маблағи умумии гранти раиси шаҳр 50 ҳазор сомонӣ буда он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ шудааст.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста