Шумори ҳаводорони таронаи овозхони ӯзбек Сардори Раҳимхон ва сарояндаи тоҷик Ҷонибек Муродов доир ба аҳаммияти дӯстӣ миёни мардум дар шабакаи Youtube соат ба соат меафзояд.

Танҳо зарфи як шабонарӯз клипи таронаи «Дӯстон»-ро дар Youtube беш аз 42 ҳазор нафар тамошо карданд.

Тарона бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сароида мешавад. Клип дар шаҳри Тошканд наворбардорӣ шудааст. Муаллифи суруд ва оҳанг таронанавис ва оҳангсоз Дилшод Аҳмадшоҳ мебошад.