Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз бо ҷоизаи "Мардонагӣ"-и ба номи Андрей Сахаров қадрдонӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Алӣ Фирӯз тайи чанд моҳи ахир дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад.
"Фирӯз дар рӯбарӯи хатари марговар тавонист, табассуми кӯдакона, ҳушёрӣ ва назари неки худро ҳифз кунад. Адрей Сахаров низ ба дунё ин гуна назари неку соф ва оқилона дошт", - навиштанд созмондиҳандагони ҷоиза дар шарҳи тасмими худ дар Фейсбук.
Номи аслии Алӣ Фирӯз Худобердӣ Норматов аст. Ӯ тайи чанд соли ахир кӯшиш кард, ки ҳаққи паноҳандагии Русияро дарёфт кунад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар шарҳи радди дархости Фирӯз гуфт, рӯзноманигор натавонист исбот кунад, ки дар сурати истирдодаш ба ватан - Ӯзбекистон ҷони ӯ дар хатар аст.
Ин рӯзноманигори ӯзбек 1 август дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯро дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд. Додгоҳи Москва қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард. Вале Фирӯз то содир шудани ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо, ки шикояти рӯзноманигорро баррасӣ хоҳад кард, дар Русия мемонад.