Аз 1 декабри соли равон дар Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор сар карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкат, навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд гирифта, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Гуфта мешавад, фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар назди раиси Шикат баррасӣ мегардад.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, ҳар як муштарии барқ метавонад тавассути ин телефонҳо бо ширкати «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, ба мо маълумот диҳанд.
Рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК “Барқи Тоҷик”: 235-86-74; 235-86-84; 610-60-50.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз моҳи январи соли равон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) дар Тоҷикистон дигар амал намекунад.
Охирҳои моҳи октябр ширкати «Барқи тоҷик» бо як изҳорот ба аҳолии Тоҷикистон муроҷиат карда, дархост намуд, ки бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.