Аз соли 2018 дар чанде аз субъектҳои Россия арзиши патент боло меравад. Алҳол шаҳру вилояти Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград, Амур, Тюмен, Твер, Иркутск ва Новосибирск элон карданд, ки тасмим гирифтаанд нархи патентро боло баранд. Тавре маълум шуд, дар арзиши патент метавон сарфа кард ва дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари портали Migranto.ru Светлана Саламова муфассал маълумот дод.

Пеш аз бевосита гузаштан ба шарҳи мавзӯъ, биёед мушаххас мекунем, ки муҳоҷири меҳнатӣ барои чӣ пардохт мекунад, арзиши патент чӣ гуна муайян мешавад ва бо кадом сабаб нархи патент дар Русия боло меравад.

Қайд мекунем, ки ба нарх даромади муқарраршуда ба андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ), нишондиҳапндаи (коэффисиенти) федералӣ-дефлятори муайяншуда дар саросари Русия ва нишондиҳандаи маҳаллии муқарраршуда аз ҷониби субъекти Федератсияи Русия таъсир мерасонад.

Саламова мефаҳмонад, ки пардохтҳои ҳармоҳа барои патент аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ натанҳо пардохт барои дароз кардани муҳлати амали патент мебошад. Ин пардохтҳои андозӣ – андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ) аст. Вақте ки шаҳрванди хориҷӣ пардохти навбатиро барои патент анҷом медиҳад, маблағи пардохтаи ӯ ба суратҳисоби Хазинаи Федератсияи Русия гузаронида мешаванд.

Дар варақаи пардохт, ки тариқи он муҳоҷир пулро мегузаронад, код (рамз)-и махсус – КТБ (коди таснифи буҷетӣ) нишон дода мешавад, ки барои дараҷабандии моддаҳои буҷети давлатӣ истифода мешавад. Аз рӯи ин код пардохт ба таври автоматӣ ҳамчун пардохти АДШВ муайян шуда, тибқи Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)-и зикршуда пардохт ба номи шахси воқеии мушаххас (шаҳрванди хориҷӣ) дарҷ меёбад.

Маблағи ин андоз чӣ гуна ба вуҷуд меояд? Чаро он барои ҳамаи субъектҳо ягона нест?

Ҳаҷм ва тартиби пардохти андозҳо дар Федератсияи Русия мувофиқи Кодекси андоз муқаррар мешавад. Дар моддаи 213 Кодекси андоз гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани патент оид ба ҳуқуқи амалисозии фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷӣ пешпардохтҳои сабтшуда аз рӯи АДШВ-ро дар ҳаҷми 1 200 рубл дар як моҳ пардохт мекунанд.

Пас маблағҳои 3000-4500-5000 рубл ва зиёда аз он аз куҷо пайдо мешаванд?

Ин ҷо ҳамаи гап сари он аст, ки ин пешпардохти сабтшуда ба коэффисиенти дефлятор (барои соли 2018 он бо Фармони Вазорати рушди иқтисоди Русия № 579 аз 30.102017 сол ба маблағи 1,686 рубл), ҳамчунин ба коэффисиенти таҷассумгари махсусиятҳои бозори кор индексатсия (мушаххаскунӣ) мешавад. Маҳз ҳамин коэффисентҳоро Ҳукуматҳои субъектҳои Федератсияи Русия бояд то Соли нав муқаррар кунанд. Агар кадоме аз субъектҳо коэффисиентро муқаррар накунад, пас он баробари 1 шуморида хоҳад шуд.

Бо назардошти ин рақамҳо, арзиши пардохтҳо барои патент дар ҳар як минтақа муқаррар мегардад.

Мебинем, ҳаҷми пардохтҳо дар Маскав барои соли 2018 чӣ гуна хоҳад шуд: 

- 1200 рубл. — бевосита АДШВ;

- 1,686 — коэффисиент-дефлятори федералӣ, ки барои соли 2018 дар саросари Русия муқаррар шудааст;

- 2,2242 —  коэффисенти Маскав, ки аз ҷониби Ҳукумати Маскав барои соли 2018 муқаррар шудааст.

Ҳамаи ин рақамҳоро ҷамъ карда, арзиши пардохти патент дар Маскавро муайян мекунем:

1200 * 1,686 * 2,2242 = 4500 рубл.

Ҳамин тариқ, масъалаи арзиши патентҳоро фаҳмидем. Акнун мебинем, ки оё зимни пардохти патент ба як навъе метавон сарфа кард?

Дар моддаи 271.1 Кодекси андози ФР пешбинӣ шудааст, ки пардохти андоз дар шакли пешпардохтҳои сабтшуда анҷом меёбад.

Сабтшуда — яъне ҳаҷми ин пардохт дар сатҳи муайян муқаррар ва сабт шудааст. Ҳаҷми ин пардохт давоми сол (давраи пардохти андоз) тағйир намеёбад. Анҷом додани пардохти сабтшуда бо қисматҳо манъ аст.

Пешпардохт — маънои онро дорад, ки пардохти андоз пешакӣ, то оғози муҳлати амали патент сурат мегирад.

Дар банди 4 моддаи 277.1 Кодекси андоз гуфта мешавад: «Пешпардохти сабтшуда аз рӯи андоз аз ҷониби андозсупоранда дар маҳалли роҳандозии фаъолияташ бар асоси патенти додашуда то рӯзи оғози муҳлате, ки ба он патент дода мешавад (муҳлаташ дароз мешавад), дубора ба расмият дароварда мешавад, пардохт карда мешавад».

Пешбинӣ мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ ба пардохти патент доимо бо маблағҳои қатъиян сабтшуда, қатъиян бо пешпардохт то рӯзи муҳлати дароз шудани муҳлати патент уҳдадор аст. 

Дар банди 5 моддаи 13.3. ҚФ-115 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» муҳлати додамешудаи патент ва пардохти муҳлати он зикр шудааст:

«Патент ба шаҳрванди хориҷӣ ба муҳлати аз як то дувоздаҳ моҳ дода мешавад.

Муҳлати амали патент метавонад чандин маротиба дар давраи то як моҳ дароз карда шавад. Дар ҳамин ҳол, муҳлати умумии амали патент бо назардошти дарозкарданҳо наметавонад беш аз 12 моҳ аз рӯзи додани патент бошад.

Муҳлати амали патент дар даврае, ки барои он андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар шакли пешпардохти сабтшуда пардохта шудааст, дарозшуда шуморида мешавад.

Дар ҳолати баракс, муҳлати амали патент аз рӯзи минбаъдаи пас аз рӯзи охири даврае, ки барои он андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар шакли пешпардохти сабтшуда пардохт шудааст, қатъ мегардад».

Ҳолатеро баррасӣ мекунем:

Шаҳрванди хориҷӣ моҳи ноябри соли 2017 барои кор дар Маскав патент гирифт.  Ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда барои патент бар соли 2017 – 4 200 рублро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки маблағро натанҳо як маротиба дар як моҳ, балки ба муҳлати дарозтар: пешакӣ барои 3,6 моҳ ва зиёда аз он пардохт намояд.

Ҳамаи пардохтҳои ӯ пешпардохтҳое ҳисобида мешаванд, ки соли 2017 аз рӯи коэффисиентҳои дар соли 2017 амалкунанда пардохт шудаанд.

Мутаносибан, агар шаҳрванди хориҷӣ моҳи ноябр дар шаҳри Маскав патент гирифта бошаду тасмим гирифтааст, ки моҳи декабри соли 2017 дар як вақт барои 8 моҳ пешакӣ маблағ пардохт намояд, пас ӯ маблағи баробар ба 4 200 рубл * 8 моҳ = 33 600 рубл пардохт мекунад.

Агар ӯ дар моҳи январи соли 2018 пешакӣ барои 8 моҳ маблағи патент пардохтанӣ бошад, пардохти маблағ аллакай дигар мешавад: 4500 * 8 моҳ = 36 000 рубл.

Дар ин кор бешубҳа фоида ҳаст. Истифодаи ин имкони сарфа карданро ҳар яке худ мустақилона ҳал мекунад. Бо назардошти имконоти молиявии худ.

Зимни пардохти маблағи патент ба чӣ мебояд таваҷҷуҳ намуд?

Дар пардохти маблағи патент аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ба омилҳои зерин, ки минбаъд будубоши қонунии ӯро муайян мекунанд, мебояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд:

1. Муҳлати пардохт. Муҳлати пардохти маблағи патенро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба таъхир андохт. Агар маблағи патент аққалан як рӯз дертар пардохт шавад, пас он амали худро қатъ мекунад ва шаҳрванди хориҷӣ барои ҳузур дар қаламрави Федератсияи Русия дигар асос надорад.

2. Дар квитансия (расид) бояд фамилия, ном ва номи падар пурра чун дар патент зикр шуда бошад. Дар квитансия ФННП-и каси дигарро (масалан касеро, ки барои пардохт рафтааст) зикр кардан лозим нест.

3. Дар квитансия бояд ҳатман Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)-и шаҳрванди хориҷӣ дарҷ ёфта бошад, зеро пардохт маҳз ба РМА мувофиқ мешавад.

4. Ҳатман санҷидани дурустии зикри коди КТБ, агар пардохти маблағи патентро корманди бонк анҷом диҳад. Тақдири худро ба дигарон бовар накунед. Агар корманди бонк КТБ-ро нодуруст зикр кунад, пас агар ҳатто патент дар муҳлати муқаррашуда пардохт шуда бошад ҳам, уҳдадориҳои пардохти патент иҷрошуда шуморида намешаванд ва муҳлати амали патент қатъ мешавад.