Дар маҷмааи Наврӯзгоҳи пойтахт таҳти унвони «Баҳор» маросими муаррифии сарулибоси баҳории тарроҳ (дизайнер) Хуршед Сатторов баргузор шуд.

Тарроҳи маъруфи ҷумҳурӣ намунаи 12 сарулибос аз маҷмӯаро барои зани корманди муосир, ки ба расму оинҳои миллӣ арҷ мегузорад, пешкаш намуд.

Ин маҷмӯаи сарулибоси тарроҳ ба муносибати Рӯзи модар ва Рӯзи байнулмилалии занон 8 март бахшида шудааст. Ҳамчунин ба сарулибоси маҷмӯаҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ то 50% тахфиф (камшавии нарх) эълон шуд.

1/16