Табибони таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе итминон медиҳанд, ки вазъи солимии модари 22-сола ва чоргоникҳои ӯ, ки рӯзи 14 май ба дунё омада буданд, айни замон қаноатбахш аст.

Дар таваллудхона қайд карданд, ки рӯзи дигари баъди таваллуд вазъи солимии тифлон каме табибонро ба ташвиш оварда, аммо имрӯз онҳо худро хуб ҳис мекунанд.

Рӯзи 14 май сокини 22-солаи шаҳри Бохтар Заррина Неъматова се духтару як писар ба дунё овард. Ба духтарчаҳо Ҳумоюну Ҳумайра ва Ҳуррия ва ба писарча Ҳуснизар ном ниҳоданд. Замони баъди таваллуд тифлон каме бештар аз 1600-1900 кило вазн доштанд.

Давоми ду ҳафтае, ки тифлон вазн мегиранду модарашон саломатиашро барқарор мекунад, танҳо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ ба аёдаташон омадаанд.

На ҳукуматдорони Бохтар ва на намояндагони ҳукумати кишвар ба табрики модару тифлонаш наомадаанд.

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки онҳо дар бораи кумак расонидан ё ҷудо кардани хона ба ин оила дастуре нагирифтаанд.

«Агар модари тифлон, ки сокини шаҳри Бохтар аст, сокини шаҳри Душанбе мебуд, шояд ба ин оила хона ҷудо мекарданд. Ин масъала дар салоҳияти ҳукуматдорони Бохтар аст», - қайд карданд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Заррина Неъматова ва Фаррух Субҳонқулов донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ буда, соли гузашта издивоҷ кардаанд. Манзили худро надоранд, бо волидони Фаррух иқомат дошта, дар Душанбе хона иҷора гирифтаанд.