Дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index (маълумоти моҳи октябри соли 2018) аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт.
Аз нигоҳи суръати интернети мобилӣ муаллифони раддбандӣ Тоҷикистонро баъди Афғонистон (123-юм) дар зинаи 124-ум гузоштаанд. Байни кишварҳои ИДМ Қазоқистон дар ин феҳрист мақоми 74, Русия – 80, Қиргизистон – 94 ва Ӯзбекистон – зинаи 110-умро касб кардаанд.
Да раддбандии мазкур дар бораи суръати интернети ноқилӣ низ маълумот оварда шуда, лекин Тоҷикистон дар ин бахш рейтинг шомил нашудааст.
Тибқи маълумоти Internetlivestats (сомонаи омор дар вақти воқеӣ дар саросари ҷаҳон), аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 шумори корбарони интернет аз лиҳози шумор умумиии аҳолӣ дар Қирғизистон – 34%, Ӯзбекистон – 51%, Қазоқистон – 55%-ро ташкил дода, танҳо Туркмнистон (14,5%) ва Афғонистон (6,8%) дар мақоми пасттар аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
Сабаби буҳрони соҳа дар чист?
Сабабҳо зиёданд. Дар бораи яке аз онҳо раиси Ассосиатсияи операторони алоқаи мобилӣ Ғафур Эркаев изҳори назар кард:
- Сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои гуногун дар корбарии технологияҳои муосир ба рақобатпазирии бозори ватанӣ дар сатҳи минтақавӣ зиёни осебнопазир мерасонанд. Дар ҳамин ҳол, Стратегияи милии рушди технологияҳои Тоҷикистон дар навбати аввал ба рушди соҳаи телекоммуникатсионӣ нигаронида шудааст.
- Коҳиши сунъии шумори корбарон ба камшавии даромади бозор ва оқибатҳои манфӣ боис гардида, бо истифода аз ин фурсат бозорҳои кишварҳои дигар бо пешниҳоди молу хизматгузории бештар дастрас сатҳи фарогириро аз ҳисоби дигар давлатҳо зиёд мекунанд, - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин росто вилояти Суғд мисол шуда метавонад, ки операторони Қирғизистон ҷиҳати пешниҳоди алоқаи мобилӣ ва интернет бо тарифҳои пасттар ба муштриён аз Тоҷикистон имкон доранд.
Коршинос таъкид дошт, ки фароҳам сохтани муҳити муосир ва рақобатпазири иттилоотӣ дар кишвар ҳадафи аслии тамоми соҳаи алоқа маҳсуб меёбад.
- “Тоҷиктелеком” ба сифати оператори Маркази ягонаи коммуникатсионӣ, ки фароҳамсози ягонаи интернет барои ҳамаи операторон мебошад, натанҳо ба дигар ҳадафҳои муҳими стратегӣ, балки ба худи ҳадафи Стратегия миллии рушд мухолифат дорад, - иброз дошт Эркаев.
Дар мисоли кишварҳои ҳамсоя ӯ изҳор намуд, ки ҳадафи аслӣ дар роҳандозии сиёсати дастрасӣ ба шабакаи интернети арзону боэътимод ва хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ифода меёбад.
- Мавҷуд будани фароҳамсози (таҳвилгари) алтернативии Интернет аз ҳамсоякишварҳо ба оператрони хусусӣ имкон медиҳад, ки ба тақвияти рақобатпазирии бозори ватании телекоммуникатсионӣ ва тавсеъаи минбаъдаи он дар сатҳи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ноил гарданд, - илова намуд коршинос.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.