Дар Душанбе маросими муаррифии тадқиқоти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар мавзӯи “Никоҳи бармаҳал: Омилҳои ҷудоӣ ва худкушӣ” доир гардид.
Бино ба иттилои сомонаи faraj.tj, нишасти мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон” ва сарпарастии Бунёди канадагии “Ташаббусҳои маҳаллӣ”доир шуд.
Гуфта мешавад, тадқиқоти мазкур дар 17 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он 2500 нафар иштирок кардаанд.
Бо такя ба натиҷаҳои тадқиқот зикр мешавад, ки беш аз нисфи пурсидашудагон (57,5%) дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки худи духтар бояд ҳамсари ояндаашро интихоб намояд.
Гуфта мешавад, қариб сеяки пурсидашудагон (27,8%) то ҳол мутмаинанд, ки шавҳари ояндаи духтарро бояд падару модарон интихоб кунанд ва 10,1%-и пурсидашудагон ин интихобро ба дӯши пайвандону наздикон (ба ҷуз волидон) вогузор кардаанд.
Тавре дар муаррифинома зикр шуд, 33% пурсидашудагон сабаби никоҳи барвақтиро дурӣ аз таҳсил медонанд, 33,2%урфу одат, 20,6% камбағалӣ ва 15% таъсири омилҳои динӣ.
Қариби нисфи пурсидашудагон (44,7%) гуфтаанд, ки никоҳи барвақтӣ ба ҷанҷолҳои оилавӣ оварда мерасонад. Сеяки пурсидашудагон (35,8%) қайд кардаанд, ки натиҷаи никоҳи барвақтӣ ҷудоӣ аст. 9,4% пурсидашудагон гуфтаанд, ки никоҳи барвақтӣ боиси гирифтори бемориҳои гуногун мешавад. 8,1% сеяки пурсидашудагон (32,1%) сабаби никоҳи маҷбуриро дурӣ аз таҳсил, 31,7% урфу одат, 19,4% камбағалӣ ва 12,7% таъсири омилҳои динӣ шуморидаанд.
Сабаби ҷудошавии оилаҳо аз назари пурсидашудагон: 38,8%-никоҳи бармаҳал ва маҷбурӣ, 28,6%-муҳоҷират ва мушкилоти иқтисодӣ, 17,2% фишори хешовандони домод, 12,8 дурӣ аз фармудаҳои динӣ.
Мувофиқи омори Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар соли гузашта 82 556 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 11013 никоҳ бекор карда шудааст, ки нисбати соли 2017 ҳазор ҳолат бештар аст. Давоми соли 2018 дар тамоми кишвар 236 зан даст ба худкушӣ задаанд.