Дар шаҳри Якутски Русия баъди таҷовузи як зан аз сӯи, гуфта мешавад, зодаи Осиёи Марказӣ, рӯзи душанбеи 18 март сокинони маҳаллӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гирдиҳамоӣ бештар аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ, аз ҷумла раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва дигар мансабдорони баландпоя ширкат карданд.

Гуфта мешавад, Николаев мардумро ба муттаҳидӣ ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ даъват кард. Вай ваъда кард, ки зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад буд. "Агар зарур шавад, зидди муҳоҷирон чораҳои нави маҳдудкунанда қабул хоҳем кард", - гуфт Николаев.

Авксентева изҳор дошт, ки "бояд назму тартибот риоя шавад". Вай баъдтар дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки гирдиҳамомадагон аз тасмими вай дар бораи тафтиши муассисаҳое, ки муҳоҷирон он ҷо кор мекунанд, ҳимоят кардаанд.

Рӯзи якшанбе дар Якутск зидди муҳоҷирон гирдиҳамоии худҷӯш ташкил шуд. Хабари таҷовузи як сокини маҳаллӣ аз сӯи муҳоҷирон боиси гирдиҳамоии мардум гардид. Кумитаи тафтишотӣ гуфт, ки субҳи 17 март се марди ношинос як занро иҷборан дар мошин шинонда, ба самти номаълум бурдаанд. Баъди чанде зан ба мақомот хабар дод, ки таҷовуз шудааст.

Баъди гирдиҳамоӣ мақомоти қудратӣ масҷидҳои Якутскро зери назорат гирифтанд. Намозгузорон аз сокинон таҳдид шунида, ҳафт сокини маҳаллӣ ба як ронандаи автобус ҳамла карданд, ки муҳоҷир буд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба гумони содир шудани таҷовуз мақомоти пулиси маҳаллӣ се касро боздошт кардааст.