Дар остонаи рӯзи ҷаҳонии тозагӣ як гурӯҳ сокинони Душанбе маъракаи поксозии шаҳр аз партовҳоро баргузор карданд.

Беш аз 70 корбари шабаки иҷтимоии Facebook дар рӯзи якшанбе гирди ҳам омада, як қисмати соҳили дарёи Душанберо аз партов тоза намуданд.

«Мо дар ин шаҳр зиндагӣ мекунем ва он бояд аз ахлот пок бошад, - мегӯяд Амир Исоев, яке аз созмондиҳандагони маъракаи шанбегӣ. - Имрӯзҳо ба кишвари мо сайёҳон зиёд меоянд ва мо бояд нишон диҳем, ки шаҳри мо тоза аст».

Ҳамагӣ дар ним соат ёварони ихтиёрӣ беш аз 100 халта партов ҷамъ оварданд. Интиқоли онҳоро ба партовгоҳ Идораи хоҷагии манзилию комуналии шаҳр ба уҳда гирифтааст.