Марди ягонаи хонадон, ӯ дар синни 21-солагӣ барои таъмини рӯзгор озими Русия шуд. Бе диплому ҳуҷҷат ва таҷриба дар бозор кор меҷуст. Корфармоён ӯро ба иҷрои корҳои гуногун ҷалб мекарданд. Аммо ин тарзи фаъолият дер давом наёфт. Ӯро боздошту ихроҷ карда, вурудаш ба Русияро тӯли 5 сол мамнӯъ сохтанд. Саргузашти ӯро Migrantnews.info нақл мекунад.

“Барои гирифтани патент пул надоштам. Мехостам каме пул кор карда, баъд патент гирам”, - мегӯяд ӯ.

Бахтиёр баъди бозгашт аз Русия низ ба корҳои гуногун машғул аст. Ӯ ва садҳо нафари дигар дар бозорҳои мардикории Душанбе кор меҷӯянд.

“Дар як рӯз 80-100 сомонӣ пул ба даст меорам, баъзе рӯзҳо умуман кор намешавад. Дар як моҳ 1000-1500 сомонӣ пул ҷамъ мекунам. Ин пулҳо барои харидани маҳсулоти ниёзи аввалия сарф мешаванд”, - изҳор дошт Бахтиёр.

Аз замони ихроҷи Бахтиёр аз Русия 4 сол сипарӣ шуда, то анҷоми муҳлати манъи вуруд боз як соли дигар мондааст. Сипас ӯ боз ба Русия меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.